ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Таътили баҳории мактаббачагон дар Тоҷикистон 10 рӯз идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ.
Имсол мактаббачагони тоҷик аз 21 то 31 март истироҳат мекунанд.
Пас аз таътил мактаббачагони тоҷик рӯзи панҷшанбеи 1 апрел ба мизи хониши худ бармегарданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол иди баҳорӣ Наврӯз аз 21 то 24 март таҷлил карда мешавад. Аммо, азбаски 21-ум ба рӯзи истироҳат рост меояд, ҷашн боз як рӯзи дигар идома карда - 25 март низ рӯзи ғайри корӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки таътили тирамоҳӣ ва баҳории мактаббачагони Тоҷикистон соли 2018 баргардонида шуд. Қабл аз ин, аз соли 2010 сар карда, Вазорати маориф қарор кард, ки ҷадвали онҳоро тағир диҳад.
Илова ба давраи тобистон, мактаббачагон танҳо дар фасли зимистон истироҳат мекарданд, ки таътил тамоми моҳи январ давом кард.