ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Бар асоси тағйироте, ки ба қарор дар бораи басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромаду хароҷоти Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, теъдоди кормандони палатаи поёнии парлумон афзоиш ёфт.
Тибқи тағйирот, шумораи кормандони Маҷлиси намояндагон аз 176 воҳиди корӣ ба 181 воҳиди корӣ зиёд гардид. Таъкид шудааст, ки 5 воҳиди кории иловагӣ ба бахшҳои ҳуқуқу робитаҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотию нашр ва шуъбаи молия вобаста карда шудаанд.
Дар баробари ин, Маҷлиси намояндагон инчунин ҳайати техникию хизматрасонӣ дорад, ки теъдодашон ба 165 нафар баробар мебошад.
Дар мавриди сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дода шуд, ки имсол тағйирот пешбинӣ нашуда, ҳамоно 52 воҳиди корӣ мебошад.