Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Манижа аз омодаи намоҳанг ба суруди Russian Woman барои Eurovision - 2021 хабар дод

Дар акси гузоштаи Манижа Сангин сароянда шабеҳи Маликаи Сувон дар афсонаҳои русӣ зоҳир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Манижа Сангин дар сафҳаи Instagram-аш аз нашри пурраи намоҳанги суруди Russian Woman хабар дод.
Зодаи Тоҷикистон навиштааст, ки намоҳанги таронае, ки Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ хоҳад кард, рӯзи 19 март дар ҳама платформаҳои рақамӣ нашр хоҳад шуд.
Манижа дар шарҳ ба ҳамаи онҳое, ки дар ташаккули симои нави ӯ даст доранд ва ӯро монанд ба Маликаи Сувон аз афсонаҳои Русия кардаанд, ташаккур гуфт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Вақте аз Душанбе ба Маскав кӯчидам, пурра тоҷикӣ ҳарф мезадам: Манижа дар бораи хонаводааш
Ёдовар мешавем, ки суруди Russian Woman, ки дар интихоби миллии Евровидение-2021 ғолиб омадааст, рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал муаррифӣ шуд.
Пас аз нашри суруд, тамошобинон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: баъзе мунаққидон ва корбарони шабака ба Манижа ҳамла карданд, баъзеи дигар аз тасвири ҷасуронаи ӯ шод гаштаву зодаи Тоҷикистонро дифоъ карданд.
Сарфи назар аз мавҷи вокунишҳои манфӣ, ки сарояндаро фаро гирифтааст, Манижаро бисёр ҳунармандони маъруфи шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Дима Билан, Юлия Савичева, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Оксана Пушкина ва бисёр шахсиятҳои дигар дастгирӣ мекунанд.
Ман ба касе бадӣ накардаам: Манижа бори аввал вокунишҳои шадидро нисбаташ шарҳ дод
Баръакси ҳама вокунишҳои манфӣ ба тамошобинони Евровидение суруди Манижа писанд омад: дар канали озмуни мусиқӣ аллакай 3,5 миллион тамошобин, 137 ҳазор лайк ва ҳазорҳо шарҳҳои мусбат пайдо кардааст.