Хокбориш дар Пекин: эълони хатар - акс

Пекин дар оғози ҳафтаи равон оғуштаи хокбориш шуд. Дар шаҳр хатари ранги зард эълон гардид. Тӯфони чангу ғубор ба мушкилоту танбашавӣ дар роҳҳо муъҷиб шуд
Sputnik
Чинро дар оғози ҳафтаи равон хокбориш фаро гирифт. Дар роҳҳои Пекин таҷаммӯи мошинҳо ба вуҷуд омад.
Песчаная буря в Китае
Хокрезиш дар Макка ва Пекин: ба Тоҷикистон мерасад?
Худравҳо бо чароғҳои рӯшноидиҳанда ҳаракат мекунанд ва мақомот аз сокинон хостаанд, ки бидуни зарурат хонаҳои худро тарк накунанд ва эҳтиёт бошанд. 
Ҳамагуна чорабиниҳое, ки дар кӯчаҳо ба нақша гирифта шуда буданд, лағв карда шуданд.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, тӯфони рег то субҳи 16 март идома ёфта, ба дигар минтақаҳои Чин таъсир хоҳад кард.
Расонаҳо менависанд, ки тӯфон дар даҳсолаи охир шадидтарин аст.
Тӯфони рег дар Пекин рухдоди ғайриоддӣ нест. Ин тӯфон аз биёбонҳои Вилояти Мухтори Муғулистони Дохилӣ омадааст, ки дар он ҷо як рӯз пеш бар асари тӯфони рег беш аз 80 нафар бенишон шуданд ва мушкилот дар интиқоли барқ ​​низ вуҷуд дорад.