БМТ ба ширкати ҶДММ “ДС суғурта” иҷозаи фаъолият доду барои рақобати солим боварӣ кард

Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолияти суғуртавӣ ба ҶДММ “ДС суғурта” иҷозатнома додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раёсати Бонки милии Тоҷикистон ба ширкати ҶДММ "ДС суғурта" барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома додааст.
“Тоҷиксуғурта” гуфт, чанд кас замони пандемия пули суғурта гирифт
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни супоридани иҷозатнома, ки рӯзи гузашта дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гашт, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз директори ҶДММ "ДС суғурта" Ашуров Баҳром барои рушди бозори суғурта, тақвият бахшидани доираи маҳсулоти муосири суғуртавӣ ва ба ин васила мусоидат дар таъмини рақобати солим дар бозори суғуртаи кишвар изҳори боварӣ намуд.
Ҳамзамон, Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Суғуртаи “вируси корона”: чанд кас пули суғурта гирифт? 
Ба асоси маълумотҳои БМТ, ҳоло дар бозори суғуртаи кишвар 19 ширкати суғурта фаъолият мебаранд, ки аз он 17-тоаш ғайридавлатӣ ва 2-тоаш давлатӣ мебошад.