ДУШАНБЕ, 15 март - Sputnik. Нашрияи "ФедералПресс" ҳисоб кард, ки чанд нафар овозхон Манижа Сангинро мешиносанд.
Аз хонандагони нашрия хоҳиш карда шуд, ки ба саволи "оё Манижа дар озмун пирӯз хоҳад шуд?", посух гӯянд.
Се ҷавоби имконпазир мавҷуд буд: "Бале, ӯ овози зебо дорад", "Не, дигар кас бояд фиристода шавад", "Ман ҳатто намедонам, ки ӯ кист".
Зиёда аз нисфи пурсидашудагон посух доданд, ки онҳо бо фаъолияти Манижа ошно нестанд.
Тақрибан сӣ фоизи пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки мебоист каси дигаре ба Евровидение фиристода мешуд.
Ва танҳо 18% иштирокчиёни пурсиш фикр мекунанд, ки Манижа метавонад дар Eurovision 2021 пирӯз шавад.
Ёдовар мешавем, ки зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин дар марҳилаи интихобии Евровидение-2021 пирӯз шуд ва барои намояндагӣ аз Русия ба Роттердам хоҳад рафт.
Суруд, ки бо омезиши жанрҳо ва бо забонҳои гуногун иҷро шудааст, ҷомеаро ба ду гурӯҳ тақсим кард.
Онҳое, ик ҳунарнамоиро шадидан танқид кард ва онҳое, ки сарояндаро ҳимоят карданд. Дар омади гап, ба тамошобинони хориҷӣ ин видео писанд омад - онро аллакай зиёда аз 3 миллион бор тамошо кардаанд.