Аксҳои беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон, ки дар Душанбе муайян шуданд

Дӯстдорони варзиш ҳафтаи гузашта зӯрозмоии сангини ҷудокорони тоҷикро дар шаҳри Душанбе тамошо карданд
Sputnik
Охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо баргузор шуд.
Дар мусобиқаҳое, ки дар Қасри теннис баргузор шуданд, варзишгарони аз 14 то 20 - сола ширкат варзиданд.
Душанбе мизбони сабқати байналмилалии ҷудокорон барои Ҷоми Президент мешавад
Ҷудочиёни ҷавон барои ҷойҳо дар рейтинги бонуфузи миллӣ рақобат карданд. Ин ба онҳо имкони бештар барои ворид шудан ба арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.
Рейтинги миллӣ имкон медиҳад, ки беҳтарин варзишгарон барои рақобат дар сатҳи ҷаҳонӣ интихоб карда шаванд. Аз ин сабаб, зӯрозмоиҳо махсусан муассир буданд.
Дар маҷмӯъ, дар мусобиқа 341 ҷудочӣ маҳорати худро нишон дод. Мусобиқа беҳтарин варзишгаронро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон гирд овард.
Онҳо дар якчанд категорияҳои вазнӣ ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамин тавр, бачаҳои вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва зиёда аз 100 кило имкон пайдо карданд, ки барои ҷой дар рейтинги миллӣ мубориза баранд.
Аксари мақомҳои аввал насиби варзишгарони Душанбе гардид. Аз Дарвоз, Хатлон ва Суғд ҷоизаҳоро фақат яктоӣ ҷудочӣ гирифт.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ 700 хол гирифт. Ба варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифтанд, мутаносибан 490 ва 350 хол дода шуд. Чунин қоидаҳоро Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муқаррар кардааст.
1 / 14
Охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо баргузор шуд.
2 / 14
Дар мусобиқаҳое, ки дар Қасри теннис баргузор шуданд, варзишгарони аз 14 то 20 сола ширкат варзиданд.
3 / 14
Охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо баргузор шуд.
4 / 14
Дӯстдорони варзиш ҳафтаи гузашта муқоҷимати сангини ҷудочиёни тоҷикро дар шаҳри Душанбе тамошо карданд.
5 / 14
Дар ин сабқат варзишкорон аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷамъ омаданд.
6 / 14
Дар мусобиқаҳое, ки дар Қасри теннис баргузор шуданд, варзишгарони аз 14 то 20 сола ширкат варзиданд.
7 / 14
Ҷудочиёни ҷавон барои ҷойҳо дар рейтинги бонуфузи миллӣ рақобат карданд.
8 / 14
Ин ба онҳо имкони бештар барои ворид шудан ба арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.
9 / 14
Рейтинги миллӣ имкон медиҳад, ки беҳтарин варзишгарон барои рақобат дар сатҳи ҷаҳонӣ интихоб карда шаванд.
10 / 14
Дар маҷмӯъ, дар мусобиқа 341 ҷудочӣ маҳорати худро нишон дод.
11 / 14
Мусобиқа беҳтарин варзишгаронро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон гирд овард.
12 / 14
Онҳо дар якчанд категорияҳои вазнӣ ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамин тавр, бачаҳои вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва зиёда аз 100 кило имкон пайдо карданд, ки барои дарёфт дар рейтинги миллӣ мубориза баранд.
13 / 14
Аксари мақомҳои аввал насиби варзишгарони Душанбе гардид. Аз Дарвоз, Хатлон ва Суғд ҷоизаҳоро фақат яктоӣ ҷудочӣ гирифт.
14 / 14
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ 700 хол гирифт. Ба варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифтанд, мутаносибан 490 ва 350 хол дода шуд. Чунин қоидаҳоро Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муқаррар кардааст.