ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Исроил гуфтааст, ки маҳдудиятҳо дар самтҳои интиқоли ҳавоии мусофирон дар Исроил аз 16 март бекор карда мешаванд.
"Ҳоло парвозҳо ба Исроил аз ҳар самт анҷом дода мешаванд. Шумораи парвозҳои воридшаванда тибқи квотаи 3000 нафар дар як рӯз маҳдуд хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурион санҷишҳои сареъ барои коронавирус гузаронида мешаванд ва ҳамаи чораҳои санитарӣ ҳангоми расидан ба кишвар андешида мешаванд.
Қайд карда мешавад, ки Вазорати тандурустии Исроил ҳуқуқи лағви ҳар парвозеро, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ хатар дошта бошад, нигоҳ медорад.
Ёдовар мешавем, Исроил аз аввалин кишварҳост, ки марзҳояро пурра барои хоҳишмандони вуруд, пас аз маҳдудиятҳои яксола боз кард.