ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар назар аст соли равон ба ҷумҳурӣ воридоти зиёда аз 1000 тонна тухмии картошкаи хушсифат аз Беларус ва беш аз 200 тонна тухмии ғалладона аз Федератсияи Русия ворид шавад.
Вазорати кишоварзии мамлакат нақша дорад, ки соли равон майдони кишти картошкаро ба беш аз 70 ҳазор гектар расонад.
Аз ин шумора 58 ҳазор гектар кишти асосӣ, 8 ҳазор гектар кишти барвақтӣ буда, дар 6,5 гектар кишти такрории картошка гузаронида мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 72 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна, агар аз ҳар гектар 20-тоннагӣ картошка ҷамъоварӣ гардад, дар умум 1 млн 400 ҳазор тонна картошкаро ташкил медиҳад.
Майдони кишт аз ҳисоби заминҳое, ки дар онҳо ғалладонагиҳо, хӯроки чорво кишт карда мешаванд, васеъ карда мешавад. Зеро ин намуд маҳсулотро дар кишти такрорӣ низ парвариш намудан мумкин аст, афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод гуфтааст, ки аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокии зироати картошка бозори истеъмолиро таъмин намуда, инчунин метавонанд то 300 ҳазор тоннаро ба минтақа содирот намоянд.
Гуфта мешавад, соли гузашта аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон 526 тоннаю 294 кило тухмии картошка, навъҳои хушсифати "Московский 56", "Московский 39" ва "Мироновский 808" ворид гардид, ки ба хоҷагиҳои картошкапарварии кишвар тақсим гардид.
Тибқи иттилои Агентии омори кишвар соли гузашта, кишоварзони тоҷик 989 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2019 тафовуте надошт. Ҳарчанд дар пайи болоравии нархи картошка дар баҳори соли гузашта президент дастур дода буд, ки кишти ин сабзавот зиёд карда шавад.