ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Манижа дар бораи он нақл кард, ки чӣ гуна оила ва дӯстонаш ӯро пеш аз иштирок дар Евровидение - 2021 дастгирӣ мекунанд ва мавҷи бадгӯиҳоро таҳаммул мекунанд, менависад ТАСС.
Сароянда инчунин гуфтааст, ки чигуна хонаводаи калонаш дар солҳои 90 ба Маскав рафтанд ва иқрор мешавад, ки дар бораи оилааш метавонад соатҳо нақл кунад.
Ӯ дар бораи маълумоте, ки хонаводааш гӯё нашъаҷаллобанду дар пайгард қарор доранд, изҳори шигифтзадагӣ мекунад ва ҳама гуна овозаҳоро рад менамояд.
"Бибии бузурги ман дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, фаранҷиро бадар кард ва гуфт, ки кор мекунам. Бобоям нависанда ва рӯзноманигор, падарам духтур ва модарам се маълумоти олӣ гирифтанд. Ба ҳайси омӯзгор, тарроҳ, ташкилкунандаи фестивалҳои ҷавонон кор кардаанд. Ҳатто дар маросими супурдани ҷоиза ба ғолибони Олимпиадаи соли 1980 дар Маскав ширкат кардаанд", - таъкид мекунад ин духтари тоҷик.
Вай афзуд, вақте ки ӯ аз Душанбе ба Маскав дар синни хурдӣ кӯчид, "вай як калима русиро намедонист, танҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезад" ва пас аз муддате зуд мутобиқ шуд .
Ҳамзамон, дар солҳои аввали кӯчидан ба Русия, модари ӯ Надежда (Наҷиба) Усмонова, ки имрӯз продюсери ӯст, барои як муддат дипломи худро фаромӯш кард: фаршҳоро мешуст, дар бозор футболка мефурӯхт, самбӯсафурӯшӣ мекард.
Духтар қайд кард, ки падари ӯ пас аз чанд сол ба касбаш баргашт ва ҳатто дар мавҷи аввали пандемия ҳафт рӯзи ҳафта 24 соат дар минтақаи сурх буд ва мисли бисёр табибон мубталои коронавирус шуду баъди сиҳат шудан ба табобати беморон баргашт.
Ҳунарманд хело самимӣ ва бо лутф бибияшро ба ёд меорад, ки дар рушди мусиқии ӯ саҳм гузоштааст ва ҳатто аз Душанбе аз пули нафақааш барояш маблағ равон мекард. Бибиаш вақте Манижа 18-сола буд, аз олам даргузашт.
Феълан Манижа дар ҳуҷрааш акси бибиашро гузоштааст.
"Шумо медонед, он қадар сахт аст, вақте калон мешаведу баъд муҳаббати наздиконатонро дарк мекунед. Вақте онҳо мутаассифона дар каноратон аллакай нестанд. Бибиям аз рӯзномаҳо акс ва навиштаҳоро дар бораи ман ҷамъ меовард ва нигаҳ медошт", - изҳор медорад вай.
Ман танҳо дар тобистон ба Душанбе ба дидораш мерафтам, меафзояд вай.
Манижа ба ёд меорад ки чигуна соли 2007 вақте ӯ дар озмуни "Панҷ ситора" иштирок карда буд, бибияш онро бо Евровидение иштибоҳ карда, дар назди шиносҳояш дар ин бора ба ифтихор гуфтааст.
"Орзуи бибиам имсол амалӣ шуд ва барои ҳамин ман пирӯзиамро ба ӯ мебахшам", - таъкид намудааст тоҷикдухтар.
Манижа ҳамчунин қайд кардааст, ки феълан ба наздиконаш таҳаммул кардани ҳама интиқодҳо ва бадбиниҳо сангин аст ва худаш бо омодагии ҷиддӣ ба Евровидение бо он мубориза мебарад.
"Барои наздиконам алам мекашам. Онҳо таҷрибаи маро надоранд ва хело нигарон шудаанд", - таъкид кардааст вай дар анҷом.
Ёдрас мешавем, 8 март дар пайи овоздиҳӣ дар шабакаи авали Русия маълум шуд, ки имсол дар озмуни байналмилалии Евровидение Русияро овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангин намояндагӣ мекунад.
Ин хабар ва таронаи духтарак "Зани рус" мавҷи вокунишҳоро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварданд.
Дар ҳамин ҳол, кам нестанд онҳое, ки Манижа ва таронаашро пазироӣ мекунанд ва барояш муваффақият мехоҳанд.