ДУШАНБЕ, 15 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1525 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3085 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4888 то 13.7200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рубл бошад, ба иттилои Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар бо арзиши аз 0.1525 то 0.1565 сомонӣ сурат мегирад.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1535 - 0,1565 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1565 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1530 то 0,1570 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Ин ниҳод инчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳама гуна амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.