ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Масири Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки бар асари фаромадани тарма масдуд шуда буд, дигарбора боз шуд.
Вале намояндагони ширкати IRS бо нашр намудани навор аз ҷараёни тоза кардани роҳ ба ронандагон ҳушдор медиҳанд, ки хавфи фаромадани тарма ҳамоно мавҷуд аст ва аз ин рӯ бидуни зарурат ба сафар набароянд.
БДА низ аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намуд, ки то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.
Ёдрас мешавем, ки бино ба ҳушдори ҳавошиносон рӯзҳои охир дар Тоҷикистон боришоти барфу борон, фаромадани меғ ва тарма пешбинӣ гардид.
Мутахассисон ҳамчунин, нобудшавии зироати кишоварзон ва гулу дарахтонро аз эҳтимол дур намедонанд.