Туркия талаботи вуруд барои шаҳрвандони хориҷиро дигар кард

Пур кардани анкета танҳо барои онҳое, ки ба Туркия ворид мешаванд, талаб карда мешавад, барои мусофирони транзитӣ чунин талабот вуҷуд надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақомоти Туркия аз 15 март қоидаи нави вуруд шудан ба кишаврро ҷорӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти UzAirways.
Гуфта мешавад, аз шаҳрвандоне, ки ба Туркия ворид мешаванд, талаб карда мешавад, ки варақаи махсусро пур карда, дар рӯи коғаз чоп кунанд ё дар телефони мобилии худ ҷой диҳанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Талаботи вуруд ба Ӯзбекистон тағйир ёфт
Анкета бояд на дертар аз 72 соат пеш аз сафар ба Туркия пур карда шавад. Он варақаҳои коғазиро, ки мусофирон дар дохили ҳавопаймо ва пеш аз назорати шиноснома ҳангоми вуруд ба Туркия пур мекарданд, иваз мекунад.
Пур кардани анкета, танҳо барои онҳое, ки ба Туркия ворид мешаванд, талаб карда мешавад, барои мусофирони транзитӣ чунин талабот вуҷуд надорад.
Манбаъ афзуда. ки мусофир бидуни варақаи пуркардашуда ба парвоз ба Истамбул роҳ дода намешавад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Туркия талаботи вурудро барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ дигар карда буд.
Ҳамин тавр, тибқи қавонини нави Вазорати корҳои дохилии Туркия эътибори шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Туркия мераванд, бояд на камтар аз 150 рӯзро ташкил диҳад.
Туркия талаботи вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дод
Айни айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад. 
Бар асоси талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.