ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Воҳидҳои иттилооти пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, машқҳои вижаеро барои дарёфт ва безарар кардани як ташаккули мусаллаҳи бузурги ғайриқонунӣ анҷом доданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар маҷмӯъ, дар ин тамринот беш аз 500 нафар низомиён ширкат доштанд.
"Тибқи нақшаи тамринот, як гурӯҳи террористҳои сохта ба нақша гирифта буданд, ки дар иншооти низомии Русия як қатор вайронкорӣ анҷом диҳанд. Барои ошкор кардани нерӯҳои душман, воҳидҳои иктишофии низомӣ дар чархболҳо ба манотиқи нишондодашуда сафарбар гардиданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Гурӯҳи "террористҳо" бо ёрии як ҳавопаймои бесарнишини "Тахион" макони ҷангҷӯёнро кашф намуданд ва тавассути "Лесочек" дастгоҳҳои тарканда, ки бо воситаи радио идора карда мешаванд, безарар гардонданд, ҳамзамон ба алоқаи мобилии террористон низ зарар ворид карданд.
Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзҳои он ба шумор меравад.Ин пойгоҳ дар ду шаҳри Тоҷикистон, Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.