Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эрон ваксини ҷадиди зидди коронавирусро рӯнамоӣ мекунад

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, аз рӯнамоии ваксинаи нави эронии корона хабар дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Саид Намакӣ Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз рӯнамоии ваксини нави сохти эронӣ алайҳи маризии коронаиврус хабар дод, менависад Парс тудей.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи сешанбе як ваксинаи нави эронӣ дар созмони сипанди Вазорати дифоъ ва пуштибонии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ хоҳад шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар бораи охирин вазъияти тавлиди ваксинаи корона дар кишвар гуфт, "аз чандумин ваксинаи  эронӣ дар созмони Сипанди Вазорати дифоъ рӯнамоӣ хоҳем кард, ки дар арсаи байналмилалӣ ифтихоре барои кишвар хоҳад буд".
Саид Намакӣ,  дар ҳошияи маросими муаррифии беморхонаи сайёри 128-тахтихобии корпуси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ изҳор дошт, ки ин маҷмаа яке аз нозуктарин ва пурарзиштарин маҷмааҳои тиббӣ ва фавқулодаи дунёст, ки кори бузург ва пурарзиш дар дақиқаҳои хеле маҳдуд анҷом дода истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Эрон низ ваксинаи сохти Русия "Спутник V" - ро тасдиқ намуда буд.