ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Марвин Хаглер собиқ қаҳраомни ҷаҳон оид ба бокс дар вазни миёна, дар синни 66 - солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад TMZ бо такя ба изҳороти завҷаи марҳум дар Facebook.
Тибқи иттилои манбаъ, муштзан рӯзи шанбе дар Ню-Шэмпшир аз олам чашм пӯшид.
Ба гуфти писараш, марҳум пеш аз марг аз дард дар қафаси сина ва нафастангӣ шикоят кардааст.
Сабаби аниқи даргузашти Хаглер ҳоло маълум нест. Ҳамсари муштзан изҳор доштааст, ки ӯ ногаҳонӣ дунёро падруд гуфт.
Марвин Хаглер аз соли 1980 то 1987 унвони қаҳрамони ҷаҳони дар вазни миёнаро дошт.
Соли 1993, варзишгар ба Толори шӯҳрати байналмилалии бокс дохил карда шуд. Ҳаглер инчунин дар якчанд филмҳои итолиёӣ нақш офаридааст.