ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Антониу Гутерриш ҳушдор дод, беш аз 88 миллион нафар дар ҷаҳон дар буҳбуҳаи густариши вируси корона ва ба далели даргириҳо ва бесуботиҳо аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебаранд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар видеоконфаронсе дар Шӯрои амният эълом кард, авохири соли 2020, беш аз 88 миллионнафар дар ҷаҳон аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебурданд, ки ин омор дар муқоиса бо соли 2019, 20 дарсад афзоиш доштааст.
Гутерриш изофа кард, беш аз 30 миллионнафар дар беш аз 30 кишвар танҳо як гом бо ноамнии ғизоӣ фосила доранд.
Дабири кулли СММ ҳамчунин ҳушдор дод, дар сӯрате, ки иқдоми фаврӣ анҷом нашавад, миллионҳо нафар дар ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ ва марг қарор мегиранд.
Гутерриш таъкид кардааст, ки буҳрони ноамнии ғизоӣ дар манотиқе назири Соҳил, Африқо, ҷануби Судон, Яман ва Афғонистон идома дорад.