ДУШАНБЕ, 13 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика амалӣ мегардад.
Қайд карда мешавад, ки ҳаҷми умумии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 16,4 миллиард сомонӣ (1,4 миллиард доллар)- ро ташкил медиҳад.
"Лоиҳаҳо бунёди иншооти нав ва таҷдиди иншооти мавҷудаи энергетикиро дар бар мегиранд", - менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба мақомоти дахлдори кишвар.
Ҳамин тариқ, ба рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва зеристгоҳҳо шомил шудаанд.
Аз ҷумла, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Сарбанд ва Қайроққум ва инчунин лоиҳаи CASA-1000 11,3 миллиард сомонӣ (9,7 миллиард доллар) ҷудо карда шудааст.
Қарор аст, ки ин маблағҳо барои сохтмони хатти интиқоли барқи 500 киловолтӣ ва як зеристгоҳ равона шаванд. Инчунин, алакай сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии Себзор дар минтақаи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шудааст.