Суқути ҳавопаймои низомии АН - 26 дар Алмаато

Дар Қазоқистон, дар наздикии фурудгоҳи Алмаато ҳавопаймои низомии хадамоти марзбонии ҷумҳурӣ суқут кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар - Sputnik. Суқути ҳавопаймои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба навор афтид, менависад Sputnik Қазоқистон.
Тибқи иттилои расмии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ, 13 март соати 17:25 ба вақти маҳаллӣ хадамоти диспетчерии фурудгоҳи Алмаато хабар дод, ки ҳавопаймоҳои низомии АН-26 аз дастгоҳҳои назоратӣ нопадид шуда, дар минтақаи фурудгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо аз шаҳри Нурсултон ба Алмаато парвоз карда, ҳангоми фуруд суқут кардааст. Бар асоси иттилои то ҳол расида, дар саҳни ҳавопаймо 6 нафар будаанд, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. 
Навори пешниҳодкардаи шоҳидон гулӯлаи дуди сиёҳро дар наздикии хати парвозҳои фурудгоҳи Алмаато нишон медиҳад.
Гурӯҳи Раёсати оташнишонӣ фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Ҳоло дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор карда, гуфта мешавад аллакай дуди ҳавопаймо хомӯш карда шудааст.
Инчунин 10 дастаи ёрии таъҷилии эҳёгарӣ дар фурудгоҳ қарор доранд. Тибқи маълумоти пешакии мақомот, чаҳор нафар дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду захмии дигар ба беморхонаи ноҳияи Илий интиқол дода шуданд.