Азми Вазорати саноат барои таъсиси Шӯрои рақамисозӣ дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон азм дорад бо ҷалби шарикони рушд Пойгоҳи фановариҳои пешрафта дар кишварро таъсис диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни як нишасти онлайн, ки аз тарафи ин вазорат, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати StrategEast баргузор шуд, омодагии худро барои таъсиси Шӯрои рақамисозӣ эълон кард.
Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернет боз пасттар шуд
Тибқи иттилои котиботи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ҳадафи аслии ин шӯро таъсиси аввалин Пойгоҳи фановариҳои пешрафта дар Тоҷикистон мебошад. Коршиносони ҳозир дар ин нишаст таҷрибаи худ дар мавриди таъсиси Парки фановариҳои пешрафта дар Авруосиё ва татбиқи он дар Тоҷикисонро дар миён гузоштанд.
Фарҳод Билолзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишаст гуфт, Шӯрои рақамисозӣ бахше аз вазорат хоҳад буд ва пешрафти фановариҳоро дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла дастрас кардани интернети баландсуръатро дар манотиқи рустоӣ густариш хоҳад дод.
“Барои истифода аз ин фурсатҳои нав дар Ҳукумат, бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ дар ҷомеа бояд як пойгоҳи нав таъсис шавад. Пойгоҳе, ки барои пазируфтани таҳаввулоти нав қодир ва моил бошад”, - гуфт Билолзода.
Ҷангаш накунед: ширкатҳои Бег Сабур дар шаҳри Душанбе ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуданд
Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҳадафи таҳияи ҳадафҳои стратегӣ ва ташкили ҳайати Шӯрои рақамисозӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро ба ҳамкорӣ даъват кард.
Котиботи ДОМ мегӯяд, Озодхон Давлатшоев, дирекори генералии ширкати мухобиротии “Тсел” ишора кард, ки азбаски Тоҷикистон як кишвари кӯҳистон аст, рушди баробари он аз дастрасии васеъ ба интернети баландсуръат вобаста аст.
Манбаъ афзуд, ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, проффессор Суҳайл Нақвӣ дар суханронии худ ба “нақши марказии мардум дар иқтисоди донишбунёд ва ниёз ба фароҳам овардани имкониятҳо ва омӯзиш” таъкид кардааст. 
“Бо фароҳам шудани чунин фазои мусоид соҳибкоронро лозим аст бо истифода аз маҳорат ва истеъдоди навоваронаи одамон дар вусъат додани имкониятҳо ширкат варзанд”, - зарур хондааст Суҳайл Нақвӣ.