ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Левакант бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи дуздӣ, шаби 8 ба 9-уми март рух додааст.
Ба нақли вазорат, ноболиғон, бо роҳи пинҳонӣ ба Кумитаи шаҳрии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи шаҳри Левакант даромадаанд.
Тибқи иттилои ВКД, ноболиғон аз он ҷо қисмҳои эҳтиётии автомашинаи "Хундай-Соната" ва "ВАЗ-2107" -ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
"Зарари расонидашуда 5 ҳазору 700-сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.