Оғози бунёди Филиали "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ" дар шаҳри Бӯстон

Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ дар вилояти Суғд бо қарори Раёсати Академияи илмҳо аз 15 сентябри соли 2004 ташкил шуда, ҳамчун мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионии дар вилояти Суғд фаъолият мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дар шаҳри Бӯстон бинои Филиали "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд мешавад.
Бо тавсияи Фарҳод Раҳимӣ: дар Панҷакент ниқобҳои тиббиро бо оби нуқра медӯзанд
Маросими гузоштани санги асос барои бунёди бинои филиал бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ доир шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар вилояти Суғд бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2004 ташкил шуда, ҳамчун мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионии дар вилояти Суғд фаъолият мебарад.
Зимни фаъолияти худ Филиали Агентӣ ҳаҷми калони корҳои мониторинги радиатсиониро дар самти таъмини бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои дар вилояти Суғдбуда иҷро намуда, таклифҳои мушаххасро оиди бехатаргардонии онҳо пешниҳод кардааст.
Интизор меравад, ки ташкили бинои маъмурии мазкур имконият медиҳад, ки он ба маркази илмӣ-инноватсионии на танҳо вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ мубаддал гардида, обрӯю эътибори кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардорад.