ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бархе аз сокинони Русия ба ҳунарнамоии Манижа дар "Евровидение" мухолиф будаанд.
Дар ҳоле, ки ӯ дар овоздиҳии миллӣ тариқи телевизион пирӯз шуд. Суруди Манижа "Зани рус"-ро барои Евровидение - 2021 беш аз 39% дастгирӣ карданд.
Аммо дар ҳамин ҳол, нафароне низ пайдо шуданд, ки муқсобили ширкати Манижа дар ин озмун ҳастанд.
Чунончӣ, дар вебгоҳи Change.org якчанд петитсия бо талаби маҳрум кардани Манижа аз ҳуқуқи шикрат дар "Евровидение" аз номи Русия пайдо шуданд.
Ба ақидаи муаллифон, овозхон лоиқи муаррифии кишвар дар озмун нест.
"Таронаи "Зани рус" аз зане мегӯяд, ки синаш аз 30 болост, бояд хароб шавад, тарзи либоспӯшиашро ивазонад, дар оилаи нопурра бе падар калон шудааст. Магар бо ин тамоми хусусиятҳои зани русро метавон тасвир кард?!", - омадааст дар аризаи дастаҷамъона.
Дар ҳамин ҳол, феълан ягон петитсия имзои лозимаро нагирифтааст.
Ёдрас мешавем, 8 март маълум шуд, ки овозхон Манижа Русияро дар "Евровидение" бо таронаи "Зани рус", ки бо забони англисӣ ва русӣ сароида шудааст, муаррифӣ мекунад.
Озмун имсол дар Роттердам 17-22 май баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, овозхонҳои тоҷик ба пирӯзии Манижа Сангин хушбинанд.