ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон натиҷаҳои арзёбии амалия ва иқтидорҳои идоракунии партовҳои тиббиро дар 15 беморхонаҳо ва чор лаборатория дар Душанбе, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки арзёбӣ моҳи ноябри соли 2020 барои таҳлили таъсири пандемияи COVID-19 ба системаи идоракунии партовҳои тиббии кишвар ва оқибатҳои номатлуби экологӣ оғоз ёфт.
Тибқи гузориши мазкур, самтҳои калидии такмили низоми идоракунии партовҳои тиббӣ дар кишвар ин азнавсозии заминаи меъёрӣ, фароҳам овардани иқтидор ва омӯзиш дар соҳаи идоракунии партовҳои беҳдоштӣ барои кормандони тиб, ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарин барои нобуд кардани партовҳои тиббӣ мебошанд.
"Пандемияи COVID-19 нишон дод, ки қоидаҳои санитарии идоракунии бехатарии партовҳои тиббиро дар Тоҷикистон бояд муосиртар кард то идоракунии партовҳо, алахусус дар ҳолатҳои фавқулода, ҳам аз нуқтаи назари эпидемиологӣ ва ҳам муҳити зист самараноктар ба танзим дароварда шавад", - омадааст дар хабарнома.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, давоми соли ҷорӣ Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкории зич бо вазорат ба нақша гирифтааст, ки 500 корманди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамшираҳои тиб ва кормандонеро, ки бо партовҳои тиббӣ сару кор доранд омӯзонад, то онҳо технологияҳои беҳтарини мавҷударо таҷриба кунанд ва намунаҳои гуногуни ҳамкориҳоро барои мусоидат ба рушди бахши хусусӣ фароҳам оваранд.
Дар доираи ин ташаббус БРСММ аллакай тавассути таҳияи бобҳои иловагӣ оид ба партовҳое, ки ҳангоми эмгузаронӣ ва ҳолатҳои фавқулода ба вуҷуд омадаанд, ба қоидаҳои санитарии идоракунии бехатарии партовҳои саломатӣ илова намудааст.
Бояд гуфт, ки моҳи январи соли 2021 БРСММ ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва Файзобод барои нест кардани партовҳо таҷҳизоти тиббӣ тақдим кард.