ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 15 то 25 март барои шарҳи бандҳои паёми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ба минтақаҳои кишвар сафар хоҳанд кард.
Ҳангоми қарор доштани вакилон дар минтақаҳо онҳо тасмим доранд , ки аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтиосдӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ паёми худро ба парлумон ироа кард.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз аз вакилон дархост намуд, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гирифта, ба мушкилоти онҳо гӯш андозанд ва ҳамаи бандҳои паёми президентро возеҳу равшан ба онҳо шарҳ диҳанд.