Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад

Дар Русия тадриҷан доллар нуфузи худро аз даст медиҳад – доллар яке аз серталабтарин ва бонуфузтарин асъорҳои ҷаҳон ба шумор меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 март - Sputnik. Таъсири доллар дар Русия рӯз ба рӯз суст мешавад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфт.
“Дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё додугирифт бо асъори миллӣ то ба 74 дарсад расидааст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Володин, Русия додугирифташро бо Чин ва Туркия бо асъори миллӣ боз ҳам афзоиш хоҳад дод. Ин нишонаи онро дорад, ки дар Русия пули юанӣ чинӣ ва лираи туркӣ маҳбубият пайдо кардаанд.
Володин ёдовар шуд, ки дар охири моҳи феврал дар кишвар сохтори асъории Бунёди миллии некӯаҳволии Русия  тағйир ёфт, ки бо он йени ҷопониву юани чинӣ шомил шуд.
Пешгӯии босуръати болоравии доллар дар ҷаҳон
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия  ҳоло дар иқтисоди кишвар коҳиши ҳиссаи ҳам доллар ва ҳам евро мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳиссаи доллар дар Русия аз 45% то 35 дарсад коҳиш ёфт. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи фунт стерлинг дар иқтисоди Русия ҳамоно  дар сатҳи 10% боқӣ монд.
Зарурати коҳиш додани вобастагии Русия аз долларро раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко низ эълон карда буд. Вай қайд кард, ки асъор дар муомилот боқӣ хоҳад монд, аммо иқтисоди кишварро бояд аз таъсири он халос кард.
Ба гуфтаи Матвиенко, захираи тилло ва асъории Русия вобастагиаш аз доллар чандин маротиба коҳиш додааст. Раиси Шӯрои Федератсия таъкид кард, ки дар 10 соли охир сармоягузории Маскав ба коғазҳои қиматноки Амрико тақрибан 30 маротиба кам шудааст.
Дар навбати худ, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков илова кард, ки Русия бояд нақши долларро дар ҳама гуна амалиётҳо коҳиш диҳад.
Ба гуфтаи вай, кишвар бояд вобастагии худро "аз ин манбаи заҳролуде, ки ҳамеша амалҳои душманона дорад" коҳиш диҳад.