Эмомалӣ Раҳмон 23 генералу полковникро дар ВКД таъйин кард: ном ба ном

Дар Тоҷикистон дар баробари тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВКД низ тағйироти бузург амалӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 23 генералу полковникро таъйин кард, хабар медиҳад ВКД.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Аз он ҷумла:
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намудааст.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КҲФ: кӣ рафу кӣ омад?
Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.
Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.