Песков эҳтимоли мулоқоти Путин ва Зеленскийро шарҳ дод

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков эҳтимоли дидору мулоқоти кишвардори Русия бо президенти Украинаро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия гуфт, Владимир Путин ҳеҷ гоҳ даъвати вохӯриро рад намекунад.
Ин нуктаро Песков дар робита ба изҳороти президенти Украина Владимир Зеленский, ки гуфт дар сурати лағви мулоқоти чоргонаи Нормандӣ омода аст шахсан бо Путин дидор кунад, ба хабарнигорон шарҳ дод.
"Президент Владимир Путин ҳеҷ гоҳ ягон мулоқотро рад намекунад. Ба хусус, мулоқоте, ки метавонад пурсамар бошанд ва ба ҳама нафъ расонад, - гуфт Песков ва қайд кард, ки президенти Русия барои дарёфти роҳҳои ҳалли вазъ дар ҷанубу шарқи Украина талошҳои зиёд" кардааст". 
Гузашта аз ин, ҳама гуна мулоқотҳо, алахусус дар сатҳи олӣ, бояд хуб омода шаванд.
Зеленский гуфт чаро бо Путин гуфтушунид кардан душвор аст
"Ва дар ин ҳолат, омодагии беҳтарин метавонад ва бояд татбиқи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда бошад", - таъкид кард ӯ. Пеш аз ҳама муқаррароти маҷмӯи тадбирҳои Минск, инчунин созишномаҳои дар Порис ҳосилшуда мебошанд, шарҳ дод Песков.
Қаблан Зеленский гуфта буд, ки дар сурати баргузор нашудани нишасти муштарак бо ҳар як раҳбари чоргонаи Нормандӣ (Олмон, Фаронса, Русия ва Украина) алоҳида мулоқот хоҳад кард.
Песков гуфт, кай Путин ва Зеленский як ба як вомехӯранд
Охирин мулоқот 9 декабри соли 2019 дар Порис баргузор шуд. Дар натиҷа, ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки созишномаҳои Минск дар бораи ҳалли низоъ дар шарқи Украина "ҳамчунон асоси кори формат мебошанд".