Наврӯз - 2021 дар Душанбе бо суманаки баландтарин ва дастархони бузург таҷлил мешавад

Дар маркази шаҳри Душанбе барои таҷлили иди Наврӯз суманаки баландтарин дар ҷаҳон ва дастархони бузург гузошта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дар майдони "Дӯстӣ" - и шаҳри Душанбе, дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи сабзаи суманак, қомат  меафрозад.
Баландии  суманак 30 метрро ташкил дода, паҳноии табақи он 16 метрро  дарбар мегирад.
Дастури Раҳмон дар бораи таҷлили Наврӯз сарфакорона ва бе хараҷоти зиёдатӣ
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии "Рекламаи берунӣ ва ороиши  шаҳри Душанбе" Нурҷаҳон Исмоилзода хабар додааст.
Ба гуфти Нурҷаҳон Исмоилзода, инчунин дар  майдон, дар паҳлӯи ин рамзи наврӯзӣ, дастурхон бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда  хоҳад шуд,  ки  он тибқи  анъанаи асосӣ ва қадимаи  ҷашни Наврӯз — "ҳафт син" ва "ҳафт шин" ороста мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар  майдони марказии пойтахт  ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг  ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд.
Девораи намоиши гулҳои баҳорӣ бо дарозии 45 метр ва баландии 3 метр — аз навгониҳои дигар дар ин майдон бахшида ба ҷашни пуршукӯҳ мебошад. Дар майдон инчунин конструксияи наврӯзӣ бо кураи Замин ва навиштаҷоти "Наврӯз муборак!" гузошта мешавад.
"Ҳоло аз ҷониби кормандони мо ороишдиҳии майдон бахшида ба Иди Наврӯз идома дорад. Дар даромадгоҳи Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ навиштаҷоти "НАВРӮЗ-2021" насб гардида, ҳамчунин  ба он ва дигар мавзеъҳои мувофиқ чароғҳои светоидӣ васл мегарданд, то шомгоҳони ин ҷоро мунаввару зебо гардонанд",- афзуд Н.Исмоилзода.
Соли дуюм  аст, ки бузургтарин табақи сабзаи суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр дар маркази пойтахти Тоҷикистон  гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки  соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.
Мардуми Тоҷикистон дар Наврӯз 6 рӯз истироҳат мекунанд
Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Тоҷикистон омода шудааст.
Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.
Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе
Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои таҷлили Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.