ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский интихоби Манижаро ҳамчун намояндаи озмун аз Русия дар Евровидение-2021 интиқод кард.
Ӯ гуфт, ки чунин тарона ба Русия "лозим нест".
"Фикр намекунам, ки ин барои баланд бардоштани мартабаи зани рус дар ҷомеаи Русия хуб аст", - гуфт сиёсатмадор.
Афзун бар ин, Жириновский як мисраи таронаро сахт интиқод кардааст: "Сын без отца, дочь без отца"(писар ва духтари бепадар).
"Тарона бояд табъи инсонро болида гардонад. Кӣ ӯро интихоб кардааст? Ба кӣ чунин тарона лозим аст?", - гуфтааст вай.
Ёдрас мешавем, рӯзи 8 март дар натиҷаи овоздиҳӣ тамошобинон тариқи телевизиони Шабакаи аввали Русия маълум шуд, ки Русияро дар озмуни Евровидение-2021 Manizha (Манижа Сангин) намояндагӣ мекунад. Афзун бар ин, ба давраи ниҳоӣ гурӯҳи #2Маши ва Therr Maitz роҳ ёфтанд.
Манижа қариб 40 дар сади овози тамошобинонро ба даст овард.