ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Филипп Киркоров, ҳунарманди номии Русия, шоҳи саҳнаи кишвар аз намояндагии Manizha (Манижа Сангин) дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021, ки май дар Нидерлания баргузор хоҳад шуд, ҷонибдорӣ кард.
Ӯ Манижаро ҳунарманди пуристеъдод номид ва барояш муваффақият хост.
"Мо ба ҳунарманди хело боистеъдод Манижа муваффақият мехоҳем. Манижа ин барои ту хело имконияти бузург аст. То дидор дар Роттердам", - гуфтааст вай.
Ҷонибдории шоҳи саҳнаи Русия аз намояндагии Манижа дар озмуни Евровидение-2021 аз Русия дар ҳолест, ки мавҷи интиқодҳо ва зиддиятҳои корбарону бархе ҳунармандон зидди баромади вай дар ин озмун боло мешавад.
Агар интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чӣ сигменти тоҷикӣ ва чӣ сигменти русӣ аз либоспӯшиву ороиши ҳунарманд сар мешавад, интиқоди коршиносон бештар аз таронаи Russian Woman аст, ки Манижа ба Евровидение-2021 пешниҳод кардааст.
Пештар ду коршиноси Русия, Иосиф Пригожин ва мунаққиди мусиқӣ Павел Рудченко аз пешниҳоди таронаи Russian Woman ба озмун интиқод карда буданд.
Пригожин таронаро суолбарангез хонд ва гуфт ҳамчун ҳунарманд ба Манижа баҳои баланд медиҳад. Рудченко бошад гуфт, ки ин тарона Манижаро ба даҳгонаҳо ҳам шомил нахоҳад кард.
Сиёсатмадори тундсухан Владимир Жириновский бошад, сахт изҳори нигаронӣ кард, ки чунин як тарона аз Русия ба Евровидение-2021 меравад.
"Фикр намекунам, ки ин барои баланд бардоштани мартабаи зани рус дар ҷомеаи Русия хуб аст", - гуфт сиёсатмадор.