ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми март, тахминан соатҳои 21:40-дақиқа дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи "Волсваген-Пасат", Назаров Муқимҷон Саидмаҳмудович, сокини 29 - солаи ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳи 80-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонро пахш намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад.
Аввали моҳи ҷорӣ низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 76 -сола зери чархи автомобил дар масири Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав хабар дода буд.