ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати hаиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони кишвар.
Гуфта шудааст, ки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машрабзода зимни баррасии "Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд" иброз дошт, ки санади мазкур моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Ҳадафи лоиҳа барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати НБО-и "Норак" ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур зикр шудааст, ки НБО-и "Норак" солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, айни замон таҷҳизоти он кӯҳнаву фарсуда гашта, ниёз ба таҷдиду навсозӣ доранд. Дар робита ба ин, бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии "Tractebel Engineering S.A." солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии "Норак" ва таъмини бехатарии садди он омода карда шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500 кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.
То имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 миллион доллар ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 миллион доллар қарз ва 57,8 млн. доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, ки 60,0 миллион доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва 40,0 миллион доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148,6 миллион доллар татбиқ хоҳад гардид.