ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, марди 34-солаи сокини пойтахт дар пайи аризаи шикоятии сокини дигари 32-солаи пойтахт боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, марди 32-сола, 18-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи дигари пойтахт даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 33 ҳазору 600 сомонӣ гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, на раводид гирифтаасту на маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, гумонбар бо ҳамин роҳ рӯзи 19-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 3 ҳазору 870-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.