ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ахиран дар толори Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии кории Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳа ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки дар ҷаласа рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ироа гардиданд, таҳлилу баррасӣ гардиданд.
"Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд", - аъкид доштааст манбаъ.