ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Як манбаъ аз КВД "Роҳи оҳан" - и Тоҷикистон дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар бораи сохтмони хати барқӣ барои убури қатораҳо бо ширкати "Темир йуллари"- и Ӯзбекистон қарордод ба имзо расидааст ва рӯзҳои наздик дар ин самт кор шурӯъ мешавад.
"Сохтмони хати барқӣ, барои убури қатораҳо аз қаламрави вилояти Суғдро ҷониби Ӯзбекистон пурра ба зима гирифтааст. Дар назар аст, ки то поёни сол сохтмони он пурра ба анҷом расонида шавад",- гуфт манбаъ аз ширкати "Роҳи оҳан".
Бино ба иттилои дарёфтӣ сохтмони хатти барқӣ, барои транзити қатораҳо аз сарҳади ноҳияи Спитамен то истгоҳи шаҳри Конибодоми Тоҷикистон ҳудуди бештар аз 108 километрро дарбар мегирад.
Коршиносон мегӯянд, сохтмони ин тарҳ, барои ҳаракати мунтазами қатораҳо ва афзоиши воридоту содироти молу коло миёни ин ду ҳамсоякишвар мусоидат хоҳад намуд.
Аз сӯи дигар электровоз нисбат ба тепловозҳое, ки тавассути сӯзишвории дизелӣ ҳаракати қатораҳоро ба иҷро мерасонанд камхарҷ ва ҳам аз лиҳози экологӣ муфидтар гуфта мешавад.
Ҷониби Тоҷикистон то ин замон ба далели надоштани электровозҳо транзити қатораҳо аз ҷумла қатораҳои Узбекистонро тавассути тепловозҳо таъмин мекард. Аммо иқтидори ҳар як тепловоз ба 3 ҳазор қувваи асп баробар буда, барои ба ҳаракат даровардани он сӯзишвории зиёди дизелӣ масраф карда мешавад.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, баъди бунёди хати электрикӣ дар минтақаи Суғд, солона убури то 32 ҳазор қатора тавассути он дарназар дошта шудааст, ки имкони бештар шудани ҳаҷми содироту воридоти молу коло ва ба ин васила дар иқтисодиёти ду кишвари ҳамҷавор ҷаҳиши нав ба вуҷуд хоҳад омад.