ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки сиккаҳои ҷашнӣ аз металлҳои қиматбаҳо омода карда мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон аллакай рамзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди СҲШ-ро тасдиқ кардааст.
Қайд карда шудааст, ки ин рамзҳо ҳангоми таҳияи тангаҳои ҷашнӣ истифода мешаванд.
"Тангаҳоро метавон ҳамчун туҳфаҳои хотиравӣ ва туҳфаҳо барои меҳмонони Тоҷикистон истифода намуд. Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тангаҳои ҷашнӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба ифтихори санаҳои таърихӣ, арбобони давлатӣ, инчунин ба ифтихори чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба муомилот мебарорад", - таъкид доштааст Бонки миллӣ.
Аз ҷумла, ба иттилои манбаъ ба ифтихори 10-умин ва 20-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ба ифтихори тамаддуни ориёӣ, ба ифтихори 2700-солагии Кӯлоб, ба ифтихори 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор, Бозиҳои олимпӣ дар Сочи, 90-солагии Душанбе ва ба ифтихори оғози сохтмон НБО "Роғун" тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот бароварда шудаанд.