Шералӣ Кабир: истихроҷи ангишт дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расид

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар як соли ахир дар кишвар беш аз ду миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik.  Шералӣ Кабир, дар суҳбат бо рӯзномаи ҷумҳурият таъкид доштаааст, ки истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расидааст.
Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ангишт содирот кард
Вай афзуд, ки дар соли гузашта нуҳ корхона дар ҳафт кон фаъолият карда, як корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ фаъолиятро қатъ кард.
Вай қайд кард, ки истихроҷи ангишт дар ин давра беш аз ду миллион тоннаро ташкил дод.
Гуфта шудааст, ки аз ҷониби корхонаҳои соҳа 2,7 ҳазор тонна ангишт ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон содирот шуд.
Аз тарафи корхонаҳои ангишти кишвар ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ 31 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ ворид шуд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки соли 2020 аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт" якҷо бо ширкатҳои ватании "Данғара" ва ширкатҳои "Айнӣ транзит ЛТД"-и Покистон ва ширкати "Брокинг стонер"-и  Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Суғд: нархи ангишт боло рафт
"Ҳамчунин соли сипаришуда  аз ҷумҳурӣ ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон 274,7 тонна лимӯ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 тонна зиёд мебошад", - тавзеҳ додааст Бобозода.
Соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 миллиард 406,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  232,5 миллион  зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 330,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  268,7 миллион зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли сипаригашта аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 млн 13 ҳазор доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019  10,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.