ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Русия ба мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 4,5 ҳазор китоб тақдим кард.
Китобҳои дарсӣ ба мактабу литсейҳое, ки дар онҳо муаллимон аз Русия дар доираи барномаи гуманетарӣ "Муаллими рус дар хориҷа" кор мекунанд, дода шуданд. Ҳамин тариқ, китобҳо ба гимназияи шаҳри Душанбе, литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҳисор, Кӯлоб, Бохтар, Данғара, Бӯстон ва Спитамен супорида шуданд.
Ба мактабҳо китобҳои омӯзиши забони русӣ ва адабиёти рус, физика, химия, биология, экология, алгебра ва геометрия дода шуданд. Ғайр аз ин, ба мактабҳо китобҳои бадеӣ низ тақдим карда шуд.
"Ин танҳо як қисми адабиёти таълимиест, ки мо ният дорем то охири соли равон ба мактабҳои миёна тақдим намоем. Мо интихоби китобҳои зарурии дарсӣ, адабиёти таълимию методӣ ва бадеиро, ки тавассути Россотрудничество аз Маскав сурат гирифт, анҷом додем ва барои тақдими бастаи китобҳои ба даҳ мактаб дар минтақаҳои гуногун, ба хусус дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ талош намудем”, - гуфт Иван Иванов, роҳбари намояндагии Россотрудничество.
Ба гуфтаи ӯ, ин посух ба дархости омӯзгороне мебошад, ки ба китобҳои дарсии фанҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва табиӣ ниёз доранд.