ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят бурдааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи А.Навоӣ шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 29 ва 40-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намуданд.
Манбаъ ҳамзамон қайд кардааст, ки ин ду нафар санаи 21-уми феврали соли равон, дар кӯчаи А.Навоӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифтанд.
Таъкид шудаст, ки онҳо ба ҷабрдида ваъда додаанд, ки аз бинои навсохтмони кӯчаи А.Навоӣ якхонагӣ гирифта медиҳанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид доштааст, ки нафарони боздоштшуда ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.