ДУШАНБЕ, 8 март - Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад гирифтори коронавирус шудааст, иттилоъ додааст роҳбари давфтари матбуоти раисҷумҳур дар сафҳаи Twitter-иаш.
Якҷоя бо Асад, ҳамсараш Асма ал-Асад низ ба коронавирус гирифтор шудааст.
"Пас аз эҳсоси нишонаҳои сабуки COVID-19, президент Башор Асад ва ҳамсари ӯ аз санҷиш гузаштанд. Натиҷа нишон дод, ки онҳо ба ин вирус сироят ёфтанд", - омадааст дар хабари хадамоти матбуот.
Маълум шудааст, ки ҳоло вазъи саломатии президенти Сурия ва хонуми ӯ хуб аст. Вазъи онҳо мӯътадил аст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Сурия илова кард, ки ҳафтаҳои наздик Башор ва Асма Асад дар хона хоҳанд монд.
"Президент Асад ва хонум Асма, ба ҳамаи мардуми Сурия ва ҷаҳон ҳифзи саломатӣ мехоҳанд ва аз мардуми Сурия даъват мекунанд,ки эҳтиёткориро идома диҳанд", - илова кард хадамоти матбуот.
Ёдрас мешавем, ки коронавирус дар шаҳри Ухани Чин дар охири соли 2019 пайдо шуд. Дар зарфи шаш моҳ коронавирус ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон паҳн ёфт.
То имрӯз ба ин беморӣ 117,5 миллион нафар бемор шудааст. 2,6 миллион беморон аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Дар Сурия 15 ҳазору 981 шаҳрвандон гирифтори бемории коронавирус шуданд ва беш аз ҳазор нафар фавтиданд.