Бархӯрди маргбори "Хафей" ва "Опел-Астра" дар шаҳри Кӯлоб

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз бархӯрди ду худрав хабар медиҳад, ки дар паи он як ронанда ҷон бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми март, тахминан соати 11 ба вақти маҳҳалӣ, рух додааст.
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: ронанда фавтиду мусофирон ҷароҳат бардоштанд
Ин ниҳод мегӯяд, ронандаи худрави "Хафей", Саидов Азизулло Умарович, сокини 62 - солаи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи маҳаллаи Нонбойи поёни шаҳри мазкур дар сероҳа ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", бархӯрдааст.
Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин
Худрави охирон таҳти идораи ронанда, Розиқов Давлатмурод Исроилович, сокини 28 -солаи шаҳри Кӯлоб, ки дар аз самти бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба самти даромадгоҳи ҳамин шаҳр ҳаракат мекард.
"Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Хафей” чаппа шуда, ронандаи автомашинаи мазкур Саидов А.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.