ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии модарон як зани ниёзманд дар Тоҷикистон соҳиби хона шуд.
Котиботи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки рӯзи 5 март Қурбон Ҳакимзода ба як оилаи бехона дар шаҳри Бохтар манзили истиқоматӣ тақдим намуд.
Гуфта мешавад, ин оила аз модар бо ду фарзанд ва ҳамчунин ду набераи маъюб иборат аст, ки чанд сол боз дар манзили иҷора ба сар мебурданд.
Ҳамакнун онҳо соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ шуданд, ки барои зистан тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Манбаъ меафзояд, Ҳакимзода аснои супоридани калиди хона ба зани ниёзманд, аз номи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро таҳният кард.
Зимнан, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мегӯяд, ба ин оила ҳамчунин кумаки моддию молиявӣ низ расонида шуд.