ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Кормандони милитсия марди 56 - сола, сокини шаҳри Душанберо боздошт намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилӣ, боздоштшуда ҳанӯз соли 2011 ба боварии сокини 59 - солаи пойтахт даромада, аз ӯ 200 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтааст.
Гуфта мешавад, қарздиҳанда бинобар бемор будан, соли 2013 фавтидааст.
Боздоштшуда бо гузашти 10 сол, маблағи гирифтаро бозпас надодааст, ки аз ин кор фаранди ӯ зарари махсусан калон дидааст.
Дар асоси шикояти писари марди марҳум, қарзгиранда боздошт шуд ва феълан кормандони пулис дар ин самт тафтишот мегузаронанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, боздоштшуда қаблан низ бо моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Чанде пеш, ВУД Тоҷикистон аз қаллобии марди 49 - сола хабар дод, ки ба сокинони ноҳияи Вахш ба маблағи 20000 сомонӣ зарар расонидааст.