ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Ислом Зиёзода, собиқ раиси шаҳри Панҷакент вазифаи нав гирифт, хабар медиҳад агентии "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, Зиёзода аз соли 2015 то 2020 раиси шаҳри Панҷакент буд ва ахиран бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа сабукдӯш шуд.
Дар фармони барканории ӯ, гузаштан ба кори дигар гуфта шуда буд. Ба курсии Зиёзода он замон Холиқзода Абдухолиқ Санавбар такя зад.
Ҳаманун, собиқ мири шаҳри Панҷакент ба вазифаи сардори Стансияи таҷрибавии панҷакентии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ӯ дар ин вазифа номзади илмҳои кишоварзӣ Диловар Шералиро иваз кард. Диловар фарзанди шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ мебошад.
Манбаъ меафзояд, Зиёзода дар гузашта сардори Раёсати кишоварзӣ ва муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент буд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ мебошад.