Сипосгузории Ҷамолиддин Абдуллозода аз Бонки ҷаҳонӣ

Бонки ҷаҳонӣ дар доираи тарҳи вижа то 1 январи соли 2021  ба Тоҷикистон 11,3 миллион доллар кумак кардааст, ки аз ин маблағ 9,4 миллион доллари он харҷ гардидааст, ки 83,4 фоизи маблағи умумии Лоиҳаро ташкил мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  Ян Петтер Олтерс баргузор гардид.
Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ, махсусан дар давраи пандемияи COVID-19 ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди ваксина 8 миллион доллар ихтисос медиҳад
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, кумаки Бонки ҷаҳонӣ дар давраи ҳамагирии коронавирус ба Тоҷикистон назаррас мебошад.
Махсусан, бо ин мақсад "Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон"-и назди Вазорати тандурустӣ дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ) аз 3 апрели соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд, ки  ҳадафи  он таъмини омодагӣ ва эътино ба пандемияи сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи маблағгузории ин тарҳ то имрӯз як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Махсусан, ҷиҳати таҳкими иқтидори шӯъбаҳои табобатӣ ва эҳёи 10 беморхонаҳои интихобгардида 23 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, 9 номгӯи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва 77 номгӯи доруворӣ харидорӣ ва дастрас карда шуда, инчунин корҳои таъмирӣ дар ин беморхонаҳо гузаронида шудаанд.
Инчунин, бо мақсади тақвият додани сатҳи огоҳонии аҳолӣ аз пешгирӣ ва хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мухталифи иттилоот ва алоқа дар мавриди  пешгирии ин беморӣ 15 номгӯи маводҳои иттилоотӣ (постерҳо, овезаҳо, брошюра ва буклетҳо) бо теъдоди 424 ҳазор нусха,  инчунин, шакли варақаи ҳуҷҷатҳо барои таъйин кардани кӯмакпулии иҷтимоӣ бо теъдоди 800 ҳазор нусха ба табъ расонида шуда, ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани заминаи техникии Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар доираи лоиҳаи мазкур 12 номгӯи таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла дастгоҳи рақамии наворбардор ва пахшкунанда, компютер, асбобҳои аксбардор, принтери ранга ва дигар воситаҳои техникӣ харидорӣ  ва ба маркази  мазкур супорида шуданд.
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт чигуна пандемияи ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонд
Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ки дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мерафтанд, ба 64 469 оилаҳои камбизоати Тоҷикистон кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ расонида шуд.
Кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи 500 сомонӣ ба як оилаи камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-сола як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст. То имрӯз барои  пардохти кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати кӯдакони то 3 сола дошта дар ҳаҷми 32 234 500 сомонӣ ё зиёда аз 3,0 миллион доллари ИМА маблағ сарф карда шудааст.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамзамон барои нигаҳдории ҳайати кормандон, анҷом додани чорабиниҳои хариди мол, кор ва хизматрасониҳо, таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибӣ, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа хароҷоти муайян пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки мониторинги рафти татбиқи лоиҳа, аз ҷумла дастраснамоии таҷҳизотҳои тиббӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дорувории харидоригардида ба беморхонаҳо, инчунин сифати корҳои таъмирӣ дар муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа гузаронида шудааст.
Манбаъ афзуда, ки дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2021  аз 11,3 миллион доллар маблағи пешбинигардида 9,4 миллион доллари он харҷ гардидааст, ки 83,4 фоизи маблағи умумии Лоиҳаро ташкил мекунад.