Наҷоти се кӯдак дар Душанбе аз паси дари баста

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷот додани се кӯдак, ки дар паси дари баста монда буданд, хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса субҳи, 5-март рух додааст.
Аз ин ҳодиса сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь
Тибқи иттилои КҲФ, дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.
Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд
Баъди дарёфти хабар, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса расид ва дари шаҳрвандро бо истифода аз воситаҳои техникӣ боз кард.
"Кӯдакони дар хонамонда беосебу саломат ба модарашон супурда шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар Душанбе ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд. Он замон, ду ноболиғ дар манзили сокини пойтахт дар паси дари баста монда буданд ва низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ наҷот ёфтанд.