ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.
"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.
Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.
Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.
Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.