ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки мехоҳад дар тими "Спартак" фуболбозӣ кунад.
Ӯ гуфт, ки ин тимро мардумӣ мешуморад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки агар худораҳматии падараш зинда мебуд, ӯ низ шояд хостори бозии Ҳабиб дар тими "Спартак" мешуд.
""Спартак"-яке аз дастаҳои дӯстдоштаи ман аст. Доим ба тамошои бозии онҳо меравам. Мехоҳам, ки байни тимҳои Русия рақобати солим ба миён ояд ва дар натиҷа Русия ба ҳайъати беҳтарин дастаҳои ҷаҳонии футбол шомил шавад", - афзуд Нурмуҳаммадов.
Ба қавли худаш, ба ӯ барои бармодан ба майдони "Спатак" шаш моҳ машқ лозим аст.
"Мехоҳам бо ягон кори шавқоваре машул шавам. ММА дигар диққати манро ҷалб намекунад", - афзуд Ҳабиб.
Ҳамчунин вай афзуд, ки футболбози швед, ҳамлагари тими итолёвӣ Златан Ибрагимович ӯро ба "Милан" даъват кардааст, ҳамчунин аз чанд дастаҳои гуногуни ҷаҳон чунин пешниҳодҳо зиёданд.
Ёдрас мешавем, Ҳабиб дар бораи тарки муҳорибаҳои омехта 25 октябр пас аз пирӯзӣ бар Ҷастин Гейҷӣ эълон кард.
Ҳабиб дар бозиҳои ММА беназир аст: ӯ 29 маротиба ба майдон баромадаву 29 маротиба пирӯз шудааст.