Рамазон Қодиров барои акс бо Пригожин аз ФБР 250 ҳазор доллар талаб кард

Қаблан ФБР шаҳрвандони Русияро барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 ба рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ дохил карда буд ва Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки соҳибкор Евгений Пригожин, ки дар ҷустуҷӯи Бюрои федеролии тафтишоти ИМА қарор дорад, дар Грозний дар меҳмонии ӯ қарор дорад.
Ба унвони далел, вай аксеро дар канали Телеграмаш мунташир карда ва бо шӯхӣ 250 000 доллар ҷоиза хостааст.
Пештар, ФБР дар Твиттер маълумоти дафтари Вашингтонро дар бораи ҷустуҷӯи шаҳрвандони Русия барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 нашр кард. Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад.
"Пулкании аз ин осонтар аз ҳукумати Амрикоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз ман фаҳмидам, ки ФБР омода аст барои маълумот дар бораи макони будубоши соҳибкор аз Санкт-Петербург Евгений Пригожин то 250 000 доллар пардохт кунад! Аз даст додани чунин шонс  аблаҳӣ хоҳад буд, бинобар ин ман расман изҳор мекунам: Евгений Пригожин дар меҳмонии ман дар Грозний аст", - навиштааст Қодиров.
Кишвардои Чеченистон бо шӯхӣ изҳор дошт, ки омода аст мукофотро бигирад, аммо танҳо дар шакли нақд.
"Худата пиар накун": Қодиров аз Жириносвксий талаб кард, ки узр пурсад
"Бубинед, ҳисобҳои хориҷии ман бо миллионҳо доллар бо сабаби таҳримоти Иттиҳоди Урупо ва ИМА баста шуданд. Аммо бояд бо чизе зиндагӣ кард! Пас пулро ба он ҷо напартоед - ман наметавонам онро бигирам. Шумо беҳтараш мукофотро дар ҷомадон бо 20 долларӣ  ҷамъ карда, ба воситаи касе ба Грозний интиқол диҳед. Ҳама дар ин ҷо маро мешиносанд, роҳро нишон медиҳанд", - гуфт ӯ.
Қодиров таъкид кард, ки фавран пас аз гирифтани пул, ӯ дар бораи маҳалли будубоши Пригожин хабар хоҳад дод.
"Ҳоло ӯ дар паҳлӯи ман аст ва ҳатто гумон надорад, ки ӯ ба кишвари ковбойҳо сафар мекунад. Ман ҳамчун далели суханони худ аксеро замима мекунам. Танҳо пули қалбакӣ нафиристед, ман тафтиш мекунам", - гуфт раҳбари Чеченистон.
Ҳафтаи гузашта ширкати Пригожин "Конкорд" суроғаи ӯро нашр кард ва барои ин мукофоти ваъдашудаи ФБР - ро талаб намуд.